Конфронси илмиӣ -амалӣ бахшида ба 30 — солагии таъсисёбии мамнўъгоҳи табиӣ-давлатии «Дашти Ҷум»

Октябрь 14, 2013 13:25

Душанбе, 14 октябр (АМИТ «Ховар», Назир Назиров).- Рўзи 11 октябри соли ҷорӣ дар толори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзўи «Нақши мамнўъгоҳи табиӣ-давлатии «Дашти  Ҷум» дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти нодир» конфронси илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Академияи илмҳои ҷТ, мутахассисону коршиносон ва намояндагони ВАО-и кишвар иштирок доштанд. Конфронсро бо сухани муқаддимавӣ муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ойхон Шарифова ифтитоҳ кард. Пас аз анҷоми қисми расмӣ дар назди ҳозирин узви вобастаи АИ ҶТ, директори Институти ботаника Ҳисориев Ҳ., сардори МД ҲТММ (Муассисаи давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда), номзади илмҳои биологӣ Саидов Н. дар мавзўи «Нақши мамнўъгоҳи «Дашти  Ҷум» дар ҳифзу нигоҳдорӣ ва барқароркунии олами набототу ҳайвоноти нодир», олими ботаник аз ш. Кўлоб Бобоев Т. дар мавзўи «Растаниҳои нодиру камёфти мамнўъгоҳи табиӣ-давлатии «Дашти ҷум» ва роҳҳои ҳифзу парвариши онҳо», сардори раёсати хоҷагии ҷангал ва ҲТММ Қурбонов Ш. дар мавзўи «Нақшаи идоракунии мамнуъгоҳ ва нақшаи амали дурнамои он», муовини директори мамнўъгоҳи «Дашти Ҷум» Қодиров М. дар мавзўи «Ҳолати имрўза ва роҳҳои таъмини беҳдошти мамнўъгоҳ» маърўза карданд. Иштирокчиёни конфронс баъди муҳокимаи маърўзаҳо барои беҳдошти вазъи ояндаи мамнуъгоҳ як қатор тавсияҳо пешниҳод намудаанд.Рўзи 12 октябри соли ҷорӣ дар маркази мамнўъгоҳи Дашти  Ҷум ба ифтихори таъсисёбии 30 — солагии мамнўъгоҳ ҷашни тантанавӣ баргузор гардид. Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Ш. Раҷабов, Раиси ноҳияи Шўрообод А. Икромов, сардори МД ҲТММ Н. Саидов дар назди ҳозирин бо суханҳои табрикӣ баромад карданд. Сипас меҳмонон аз осорхонаи мамнўъгоҳ дидан ба амал оварданд. Дар доираи баргузории ҷашн ба кормандони фаъоли мамнўъгоҳ тўҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Октябрь 14, 2013 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад