М. Убайдуллоев ба «Сафири Сол» комёбӣ таманно кард
Душанбе, 9 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Тавсеаи равобити Душанбею Теҳрон 9 октябр зимни мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев -раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Алиасғари Шеърдӯст сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳ гардид. Мулоқоти раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон бо Алиасғари Шеърдӯст дар робита ба анҷом ёфтани ваколати дипломатиаш дар Тоҷикистон ҷараён гирифт. Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Алиасғари Шеърдӯст барои фаъолияти пурсамараш зимни иҷрои ваколати сафирӣ дар Тоҷикистон ва саҳми беназираш дар тавсеаи муносиботи Душанбеву Теҳрон арзи сипос баён намуд.
М. Убайдуллоев гуфт, ки Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг, дорои пайвандҳои ногусастании таърихӣ ва анъанаҳои устувори дӯстию бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманданд. Зикр шуд, ки байни ду кишвар дар заминаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, коркарду истифодаи сарватҳои табиӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва нафту газ, фарҳангу маориф, тандурустиву сайёҳӣ имкониятҳои бештар вуҷуд доранд ва тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои мазкур ба манфиати ҳар ду кишвар хоҳад буд.
Раиси Маҷлиси миллӣ ба Алиасғари Шеърдӯст дар фаъолияти минбаъдааш саломатӣ ва комёбӣ таманно кард. Бояд тазаккур дод, ки Алиасғари Шеърдӯст муддати 5 солу 9 моҳ аз моҳи феврали соли 2008 дар Тоҷикистон ба ҳайси сафири Эрон фаъолияти дипломатӣ дошт. Зимни фаъолияти дипломатиаш дар тавсеаи равобити ҳасанаи Душанбею Теҳрон нақши муассир гузошта, дар робита 4 маротиба дар Тоҷикистон ба ҳайси “Сафири Сол” пазируфта шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






