Маҳфили эҷодии Манзура Ӯлҷабоева

Октябрь 17, 2013 11:19

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – Дар  ҳошияи Ҳафтаи  синамои  Русия  дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон охири  ҳафтаи  гузашта  дар Маркази илму  фарҳанги  Русия дар шаҳри  Душанбе  маҳфили эҷодии   рассоми   театру  синамо, Аълочии  фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Манзура  Ӯлҷабоева  баргузор  гардид. 
 
Тавре  ки аз  Намояндагии  ҳамкории  Русия  дар  Тоҷикистон хабар  доданд,  дар  маҳфили  эҷодӣ  Сафири  Фавқулодда  ва  Мухтори  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон  Игор Лякин – Фролов,  Сафири  Фавқулодда  ва  Мухтори  Ҷумҳурии  Беларус  Олга  Гаврук,  ходимони  намоёни  илму  фарҳанг  ва  намояндагони аҳли  ҷамъият  ширкат  доштанд.
 
Сафири  Федератсияи  Русия  дар  Тоҷикистон  Игор Лякин – Фролов ҳозиронро  хайра  мақдам  гуфта, аҳамияти   чунин   вохӯриҳо  бо  иштироки  устодони  намоёни   театру  синамои  Тоҷикистонро,  ки  ба  рушди  равобити   фарҳангии  байни  Русия  ва  Тоҷикистон  мусоидат  мекунанд,  ба таври  махсус  қайд  намуд.
 
Манзура  Ӯлҷабоева  зимни  суханрониаш   аз  роҳи  эҷодӣ ва таҷрибаи  фаъолият  бо  коргардонҳо,  драматургҳо ва  ҳунарпешагони  номӣ  ба таври шавқовар   нақл  кард. 
 
Дар  анҷоми  маҳфил  филми  мустанади  коргардон  Владимир Сидоров «Филм  дар  бораи  филм»  намоиш  дода шуд. Сипас  коргардони  филми  «Писарак»  Рустам  Аҳадов  фитаҳои  филмҳои   коргардон Лариса  Садиловаро, ки   Манзура  Ӯлҷабоева  бо  мавсуф   ҳамкорӣ  дошт,  ба Маркази илму  фарҳанги   Русия  тақдим  кард. 
 
Манзура  Ӯлҷабоева  рассоми  театру  синамо  ва омӯзгори  Коллеҷи  рассомии  ҷумҳуриявӣ  ба  номи  Олимов  мебошад. Номбурда  соли  2008  бо  мукофоти  ҳукуматии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  медали «Хизмати  шоиста» қадр  шуда,  соли 2013  сазовори  унвони  «Аълочии  фарҳанги  Ҷумҳурии  Тоҷикистон»  гардид.

Октябрь 17, 2013 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ