Меҳрнигори Рустам: «Дар рӯбарӯям имтиҳони ҷиддиест…»
Душанбе, 12 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Рӯзи 14-уми октябр, соати 17:00 дар толори калони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхуҷа Сатторов консерти академии донишҷӯи курси сеюми бахши сурудҳои академии Консерваторияи миллии Тоҷикистон, ҳунарманди шинохта Меҳрнигори Рустам баргузор мегардад.
Тавре худи Меҳрнигори Рустам ба хабарнигори «Ховар» гуфт, тасмими баргузор намудани ин консертро бо ҳидояти роҳбарияти Консерваторияи миллии Тоҷикистон ва тавсияи дӯстону наздиконаш гирифтааст. Дар ин консерт Меҳрнигор сурудҳои академие чун «Таронаи баҳор», «Ишқи ман», «Интизорӣ», «Ёри ҷон» ва амсоли инро месарояд.
Меҳрнигор гуфт, дар ин консерт Бурҳон Маҳмадқулов – ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун меҳмони фахрӣ ширкат хоҳад дошт, аз ин рӯ консерти мазкур бароям боз як имтиҳони ҷиддиест.
Зимнан, Меҳрнигор Рустам аз зумраи ҳунармандонест, ки бо садои хубу таронаҳои марғубаш қалби доираи зиёди мухлисони худро тасхир кардааст. Ӯро асосан мухлисон бо таронаҳе чун «Бибиҷонам», «Ҳинобандон», «Паррандаҳо» ва амсоли он мешиносанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






