Минбаъд мақомот БДА-ро аз вазъи роҳҳо огоҳ месозад

Октябрь 19, 2013 10:41

 
Душанбе, 19 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд мақомоти давлатӣ, субъектҳои вобаста ба таъмиру таҷдид ва сохтмони роҳу кӯпрукҳо масъуланд, то  Бозрасии давлатии автомобилиро /БДА/ огоҳ созанд, ки ҳаракат дар роҳ маҳдуд ва ё қатъ гардонида шудааст. Дар ин росто вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба қисми 7-и моддаи 44-и лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» тағйирот ворид намуданд.
      Рустам Менглиев -вазири адлияи кишвар мегӯяд, ки қаблан дар қисми 7-уми моддаи 44-и лоиҳа қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» мақомоти давлатӣ ҳангоми маҳдуд ва ё манъ кардани ҳаракат дар роҳ  вазифадоранд, ки БДА-ро огоҳ созанд, пурра нишон дода нашуда буд ё худ ба таври дақиқ нақши мақомоти давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳҳо пешбинӣ нагардида буд. 
 

Октябрь 19, 2013 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш