Муаррифии барномаи номзад ба мансаби президентӣ

Октябрь 30, 2013 15:06

 Душанбе, 30 октябр.(АМИТ “Ховар”, Марзия Саидова).-Дар маҳаллаҳои Зебуннисо, Чиноро 1 ва Чиноро 2, Бинокорон, Чехов, Нисормуҳаммад, Бадахшон-1 ва Камоли Хуҷандии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт вохӯрии гуруҳи таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон доир гардид.
  Дар ҷамъомад Меҳрубон Мирзоева — шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, аъзои Фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии Парлумони мамлакат Абдураҳмон Хонов,  раиси Кумитаи иҷроияи /КИ/  ҲХДТ  дар ноҳияи Шоҳмансур Абдуллохон Қаландаров, муовини раиси ноҳияи Шоҳмансур Файзӣ  Қосимова, мувоини раиси КИ-и ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Комилҷон Шамшеров  ва мудири шуъбаи таблиғотии КИ ҲХДТ дар ноҳияи мазкур Ҳамида Рӯзиева самтҳои асосии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ-ро муаррифӣ намуданд.
    Чунин вохӯриҳо дар дигар маҳаллаю шаҳракҳои пойтахт бо иштироки интихобкунандагон ва гуруҳҳои таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ  доир гардиданд.
    Бояд тазаккур дод, ки  6 ноябри соли равон дар ҷумҳурӣ интихоботи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки дар ин чорабинии муҳими сиёсӣ мардуми Тоҷикистон сарвари давлати худро ба муҳлати 7 соли оянда интихоб менамоянд.

Октябрь 30, 2013 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш