Муборизаи беамони КДАМ бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир
Душанбе, 2 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Муборизаи беамон бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти амнияти миллӣ маҳсуб ёфта, дар чорабиниҳои мақсадноку нишонраси кормандони соҳа ҷиҳати пешгирии ҷиноятҳои алоқаманд ба қочоқ ва интиқоли маводи нашъаовар аз қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Аврупо садди устувор гузошта мешавад. Дар давраи 9 моҳи соли равон аз ҷониби кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд 390, 5 килограмм маводи мухаддир, аз ҷумла 106,9 килограмм героин, 50 килограмм афюн, 233,6 килограмм ҳашиш мусодира гардидааст. Моҳи сентябри соли равон онҳо силсилаи амалиёти фаврию ҷустуҷӯйиро анҷом дода, аз қочоқчиён 67,8 килограмм маводи нашъадор, аз ин ҳисоб 26,8 килограмм героин ва 40 килограмму 918 грамм ҳашиш мусодира намуданд.Аз маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки 11-уми сентябри соли 2013 кормандони Раёсати мазкур дар шоҳроҳи мошингарди «Хуҷанд-Конибодом» амалиёт гузаронида, бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрвандон Саидов Сайфуло Фатҳулоевич, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Кўлоб, муваққатан дар шаҳри Чкалови вилояти Суғд истиқомат дорад ва Бегматов Бароталӣ Сафармадович, соли таваллудаш 1975, сокини шаҳри Хуҷанд, собиқ корманди сохторҳои қудратии кишварро боздошт намуданд. Зимни азназаргузаронии бордони нақлиёти сабукрави тамғаи «Мерседес-Бенс», ки ба Бегматов Бароталӣ тааллуқ дорад, ба миқдори 6 килою 894 грамм героин мусодира карда шуд.Худи ҳамон рўз дар ҳудуди ноҳияи Исфара узви дигари гуруҳи фаромиллии нашъаҷалл шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон Тағоев Раҳматбой Умарович, соли таваллудаш 1968, сокини деҳаи Самарқандаки ноҳияи Боткенти вилояти Боткент, ки тибқи маслиҳати пешакӣ маводи мухаддирро аз Саидов Сайфулло ва Бегматов Бароталӣ гирифта, сипас онҳоро ба ҳудуди Қирғизистон бояд интиқол медод, дастгир гардид.Амалиёти дигар низ рўзи 11-уми сентябр гузаронида шуда, аз тарафи кормандони мақомоти амнияти миллӣ дар шоҳроҳи самти «Хуҷанд-Мастчоҳ» бо гумони нашъаҷаллобӣ дар мошини тамғаи «Опел» шаҳрвандони ҶТ Саидмирзоев Умедҷон Ҷўраевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳраки Бўстони ноҳияи Мастчоҳ, соли 2011 бо дастрасии моддаи 200 қисми 2-и КҶ ҶТ ба муҳлати 5 сол аз озодӣ маҳрум гардидааст ва Мирзобекзода Ҷовидони Мирзобек, соли таваллудаш 1992, сокини деҳаи Табушни ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ боздошт шуданд.Ҳангоми азназаргузаронии дохили воситаи нақлиёт 3 килою 918 грамм ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.Дар айни замон нисбат ба қазияҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ давом дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






