Мулоқоти Ҳомид Карзай бо Оқил Оқилов дар Душанбе

Октябрь 22, 2013 11:34

Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Ашӯрмадова).- Дар доираи сафари расмии худ Президенти  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай ба Тоҷикистон  бо Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов мулоқот анҷом дод.
Тавре ки ар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Оқил Оқилов сафари роҳбарияти Ҷумҳурии исломии Афғонистонро ба Тоҷикистон тадбир ва талошҳои дуҷонибаи навбатии байнидавлатӣ дар роҳи татбиқи лоиҳаҳои муштараки ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту энергетика, иқтисоду тиҷорат, ҳифзи сарҳади давлатӣ ва ҳамдастӣ дар роҳи муборизаи дастҷамъона ба муқобили терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир арзёбӣ кардааст.
Гуфта мешавад, ки дар мулоқот ҷонибҳо тақвияти  ҳамкориҳои наздисарҳадӣ, боло бурдани сатҳи тиҷорати байнидавлатӣ  ва рушди муносибатҳо дар соҳаи фарҳангу маорифро мавриди баррасӣ қарор додаанд.
 
 
 
 
 

Октябрь 22, 2013 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ