Мулоқоти вакил бо муҳоҷирони меҳнатӣ

Октябрь 28, 2013 14:38

Душанбе, 28 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Вакили Маҷлиси намояндагон Давлаталӣ Давлатзода зимни сафари худ ба шаҳри соҳили Неваи Русия — Санкт -Петербург ва иштирок дар кори ҷаласаи гуруҳи кории Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба таҳияи қонуни намунавӣ «Дар бораи абадӣ гардонидани хотираи муҳофизони Ватан, ходимони намоёни давлатӣ ва ҷамъиятӣ» ҳамзамон бо муҳоҷирони тоҷик мулоқот намуд.  Вакили Маҷлиси намояндагон зимни мулоқот доир ба фаъолияти мақоми олии қонунбарор, интихоботи қарибулвуқӯи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани Тоҷикистон маълумоти мукаммал дода, ба саволҳои сершумори муҳоҷирони тоҷик посух дод. Аксари муҳоҷирини тоҷик изҳор доштанд, ки ба тарафдории номзад аз Ҳизби Халқӣ- Демократии Тоҷикистон овоз хоҳанд дод.

Октябрь 28, 2013 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ