Мушоҳидони ИДМ маъракаи интихоботиро назорат мекунанд

Октябрь 14, 2013 10:47

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар»). – Бо  Даъвати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ҳайати намояндагони  ИДМ  дар интихоботи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  ситоди  он  11  октябри соли  ҷорӣ   ба омӯзишу  назорати  маъракаи  интихоботӣ   шурӯъ  намуданд. Роҳбарии  ҳайатро  раиси  Кумитаи  иҷроия —  муншии   иҷроияи  ИДМ  Сергей  Лебедев  ба  ӯҳда  дорад. 
Дар  ҳошияи  мушоҳидаи   интихоботи  президент ва оғози   кори  ситоди  ҳайати  мушоҳидони   ИДМ  мулоқоти  муовини  аввали раиси Кумитаи  иҷроия – Муншии  иҷроияи  ИДМ  Владимир  Гаркун бо   раиси  Комиссияи  марказии  интихобот  ва  раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Шермуҳаммад  Шоҳиён  баргузор  гардид. 
Дар  ҷараёни  мулоқот  масоили  марбут ба   интихоботи  пешорӯи  Президенти Ҷумҷикистон  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.
Раиси  Комиссияи  марказии  интихобот  аз  ҷараёни  маъракаи  интихоботӣ   хабар  дода,  зикр  намуд, ки  барои  мушоҳидаю  назорати  интихоботи  президент  шароити  зарурӣ  фароҳам оварда  мешавад. 
Владимир  Гаркун  дар  навбати  худ  перомуни  принсипҳои  фаъолияти  ҳайати   мушоҳидони  ИДМ ва  ташкили  кори  он  сухан  ронд. Мувофиқи   суханони  мавсуф,  омӯзишу  назорати  интихобот  дар  принсипҳои  бетарафии  сиёсию холисона,  дахолат  накардан  ба  ҷараёни  рафти   интихобот  ва  корҳои  дохилии  давлат  сурат  мегирад. 
Фаъолияти  мушоҳидони  ИДМ – ро  ситоди  ҳайат, ки дар  шаҳри  Душанбе  қарор  дорад,  танзим  менамояд. 
Худи  ҳамон  рӯз  мулоқоти  Владимир  Гаркун  бо  Вазири   корҳои  хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳамрохон  Зарифӣ  баргузор  гардида, ҷонибҳо  дар  ҷараёни он  масоили  ташкилу   гузаронидани  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  муҳокима  намуданд.
Намояндагони  ҳайати  мушоҳидони  ИДМ нишасти  матбуотӣ   доир  намуда,  дар  он  ба журналистон  аз  иҷрои  кор  ба  манзури  ташкили  фаъолияти  ҳайат  хабар  доданд. 
 

Октябрь 14, 2013 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ