Нақшаи ҷамъоварии пахта иҷро шуд
Душанбе, 22 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода).- 21 октябр дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» маросими ботантанаи мукофотонии намояндагони ноҳияи Спитамен, ки дар вилояти Хуҷанд аввалин шуда, нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро кардаанд, баргузор гардид. Назар ба хабари хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, раиси вилоят Қоҳир Расулзода Ифтихорномаро ба раиси ноҳияи Спитамен супурд. Ҳамзамон натиҷаи даҳаи дуюми маъракаи пахтачинӣ дар вилояти Суғд ҷамъбаст гардида, чинакчиёни ноҳияи Зафаробод ҷойи аввал ва намояндагони ноҳияи Ашт ҷойи дуюмро ишғол намуданд. Ғолибон бо таносубан 20 ва 10 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






