Нафақа дар нуҳ моҳ пурра пардохт гардид

Октябрь 29, 2013 10:33

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). — Мувофиқи таҳлилҳои муқоисавӣ шумораи умумии нафақагирон то ҳолати 1 октябри соли равон 603 ҳазору 325 нафарро ташкил дод, ки он нисбат ба семоҳаи сеюми соли 2012 бо теъдоди 17120 нафар афзоиш ёфт. Аз шумораи умумии нафақагирон 510 ҳазору 957 нафарро гирандаи нафақаи меҳнатӣ ва 92 ҳазору 368 нафарро гирандаи нафақаи иҷтимоӣ ташкил медиҳад. Андозаи миёнаи нафақа ба 180 сомонӣ баробар буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 35,2 сомонӣ зиёд аст. Талаботи умумии моҳона бо назардошти иловапулию кўмакпулиҳо 112 млн. 212,95 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Теъдоди нафақагирони маъюб то ҳолати 1 июли соли 2013-ум 167 ҳазору 418 нафарро ташкил дода, талаботи моҳонаи онҳо ба 31 947,2 ҳазор сомонӣ баробар шуд. Ҳаҷми маблағи талабот барои пардохти нафақа ва дигар кўмакпулиҳо дар давраи ҳисоботӣ 1 075 501,8 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки он пурра маблағгузорӣ гардид. Барои таъмини саривақтии нафақа ва кўмакпулиҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии андози иҷтимоӣ дар ҳаҷми 1155,3 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Октябрь 29, 2013 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ