Натиҷаи иҷрои Буҷети давлатӣ тайи 9 моҳ

Октябрь 16, 2013 13:21

Душанбе, 16 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих). – 14  октябр дар ҷаласаи ҳайати  мушовараи  Вазорати  молияи ҷумҳурӣ  натиҷаи  иҷрои  Буҷети  давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон тайи  9  моҳи  соли  2013  ва  вазифаҳо  барои  семоҳаи  чоруми  соли  ҷорӣ  мавриди  муҳокима  қарор  гирифт. 
 
Мувофиқи  маълумоти  котиботи  Вазорати  молияи  ҶТ,  дар   ҷаласа   баробари  масъалаи   зикршуда мавзӯи  тасдиқи  як  қатор  ҳуҷҷатҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ, ки  фаъолияти   судманди  Вазорати  молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро  танзим  менамоянд,  ҳамчунин  риоя  ва  иҷрои Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар  бораи танзими расму  оин  дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон»   дар   мақомоти  молиявии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  низ муҳокима  шуд.
 
Муовини  аввали Вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Ҷ.Нуралиев натиҷаи ҳайати  ҷаласаро ҷамъбаст  намуда,  барои сари  вақт  ва  хушсифат  иҷро шудани Буҷети  давлатӣ  дар  семоҳаи  чорум  ва  умуман  дар  соли  2013  ба кормандони масъули  низоми Вазорати молияи  кишвар супоришҳои  мушаххас  дод.

Октябрь 16, 2013 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ