Нозирони МБП ИДМ ба Тоҷикистон омаданд

Октябрь 24, 2013 11:11

Душанбе, 24 октябр. (АМИТ «Ховар»).- 23 октябр дар шаҳри Душанбе мулоқоти нозирони Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ ҷиҳати назорати интихоботи Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҳайати ИДМ баргузор гардид. Тавре ки аз хадамоти матбуоти Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ хабар доданд, зимни мулоқот масоили ҳамкории нозирони Маҷмааи байнипарлумонӣ ва ситоди ҳайати умумӣ дар ҳошияи мушоҳидаю назорати кӯтоҳмуддат рӯзи овоздиҳӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 2013 мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Нозирон хатсайрҳои назоратро муайяну мувофиқа намуда, дар бораи ҷараёни маъракаи пешазинтихоботӣ мубодилаи афкор карданд.Гурӯҳи нозирони байналмилалии Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ҷараёни мушоҳидаи дарозмуддат дар шаҳри Душанбе бо роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурданд. Дар ҷараёни мулоқот масоили иштироки ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар маъракаи интихоботӣ, фаъолияти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҷумҳурӣ барои ташкили комиссияҳои қитъавии интихобот, тартиби ҳамкории комиссияҳои интихоботӣ бо нозирони маҳаллию хориҷӣ муҳокима шуданд.

Октябрь 24, 2013 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ