Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбат ба раиси ҷамоат

Октябрь 10, 2013 10:11

Қӯрғонтеппа, 10 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Мурод  Сотиев ). – Прокуратураи  вилояти  Хатлон  нисбат ба раиси  ҷамоати «Комсомол» — и   ноҳияи  Носири  Хусрав Алҳам  Эгамбердиев  парвандаи  ҷиноӣ  оғоз  намуд.
 
Тавре  ки  ёвари  калони  прокурори  вилояти  Хатлон  Варқа  Зайниддинов ба  АМИТ «Ховар»  хабар  дод,  Алҳам  Эгамбердиев  ба  ҷурми  тақсими   ғайриқонунии  қитъаҳои  замин  айбдор  карда  мешавад. 
 
Мувофиқи  суханони  манбаъ,  Алҳам  Эгамбердиев,  қитъаҳои   замини  муҳоҷирони  дохилиро  ба  10  нафар  сокинони  ноҳия  тақсим  кардааст.

Октябрь 10, 2013 10:11

Хабарҳои дигари ин бахш