О. Бобоев ва Т. Бухориев ба мансаби Президентӣ ба қайд гирифта шуданд

Октябрь 9, 2013 16:38

Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Бекназари Абӯбакр). — Нимаи дуюми рӯзи 9 октябри соли ҷорӣ ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи ба қайд гирифтани номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
      Дар ҷаласа зикр гардид, ки ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ қарори Анҷумани Ҳизби Аграрии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Бухориев Толиббек Аҳмадович ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Анҷумани Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон оид ба пешбарии номзадии Бобоев Олимҷон ирсол гардида буданд.
       Рӯзи 7 октябри соли 2013  ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ, аз ҷумла бланкаҳо бо имзоҳои интихобкунандагон оид ба дастгирии номзади пешбаригардида ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод шуданд.
        Маводи пешниҳодгардида аз ҷониби масъулони Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд. Дар натиҷа маълум гардид, ки ҳуҷҷатҳо ва маводи пешниҳодшуда ба талаботи моддаи 25 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ мебошанд.
        Бо назардошти ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ аз 9 октябри соли 2013 Бухориев Толибек Аҳмадович ва Бобоев Олимҷон ҳамчун номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд.
         Ҳамзамон 15 нафар шахсони боэътимод, ки  барои бақайдгирӣ ба Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод гардида буданд, ба сифати шахсони боэътимод барои гузаронидани маъракаи интихоботии номзадҳо, ташвиқот бурдан ва ҳимояи манфиатҳои номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба қайд гирифта шуданд.

Октябрь 9, 2013 16:38

Хабарҳои дигари ин бахш