Омодагии Сафорати Тоҷикистон ба интихобот

Октябрь 8, 2013 11:09

Анқара, 8 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарангис Раҳимова). – Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар қаламрави Туркия муваққатан зиндагию таҳсил менамоянд, ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёрӣ мебинанд. Дар робита бо ин, бо қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии ҶТ 5 октябр дар маҷлиси умумии кормандони сафорат ва консулгарии генералӣ дар ҳайати 7 нафар комиссияи қитъавии интихобот ташкил гардида, раис ва котиби масъули комиссия интихоб шуданд. Тавре ки Сафири Тоҷикистон дар Туркия Фаррух Шарифов зикр намуд, бо мақсади расонидани мадад ба роҳандозии чунин чорабинии сиёсӣ мақомоти маҳаллии ҳокимият ва сафорат ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия муроҷиатномаи дахлдор ирсол намуданд. Комиссияи қитъавӣ бо назардошти таҷрибаи интихоботи гузашта ва дар шаҳри Истамбул иқомат доштани теъдоди зиёди интихобкунандагон, аз Комиссияи марказии интихобот хоҳиш намуд, ки дар шаҳри Истамбул бунгоҳи овоздиҳӣ ифтитоҳ гардад. Дар ҷараёни омодагӣ ба интихобот ба кори тавзеҳотии байни донишҷӯёну соҳибкорон ва таҳияи маводи иттилоотӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мешавад.

Октябрь 8, 2013 11:09

Хабарҳои дигари ин бахш