“Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” – ошёни аҳли маърифат
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Афшини Муқим).- “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ”, ки бо ташаббуси бевоситаи раиси шаҳри Душанбе М. Убайдуллоев таъсис гардидааст, беш аз як моҳ мешавад дар хизмати сокинон ва меҳмонони пойтахт қарор дорад. Ҳоло аҳли илму маърифат, донишҷӯёну хонандагон ва онҳое, ки ба илму фарҳанг дилбастагӣ доранд, ҳамарӯза ба ин боргоҳи маданият омада, аз он фаровон истифода мекунанд. Ҳамакнун, сокинон имкон пайдо намуданд, ки аз фурӯшгоҳи бузурги китоб, ки дар ин маҷмаа ҷойгир мебошад, дилхоҳ китоби лозимиро пайдо ва бо нархи дастрас харидорӣ намоянд.
Дарвоқеъ, имрӯз “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” ба бузургтарин маркази фурӯши китоб ва хизматрасонии иттилоотию маърифатӣ табдил ёфтааст.
Пешниҳод гардидани анвои гуногуни китобҳои илмию оммавӣ, бадеӣ, ашъори шоирони маъруфи Тоҷикистону ҷаҳон, адабиёти кӯдакона ва рӯзномаю маҷаллаҳои хонданӣ дар ин кохи маърифат боиси фараҳмандии доираи васеи хонандагон гардидааст.
Ба қавли роҳбарияти маҷмааи “Ошёни дониш ва хизматрасонӣ” дар ояндаи наздик дар назар аст, ки дар таҳхонаи ин маҷмаа китобхонаи электронии фарогири беш аз 1 миллион нусха китоб ва пайванд бо тамоми китобхонаҳои электронии ҷаҳон таъсис дода шавад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






