Парлумон ду санади байни ҶТ бо БАТР ва БИР-ро матраҳ сохт

Октябрь 8, 2013 14:49

Душанбе, 8 октябр.(АМИТ „Ховар“, Марзия Саидова).-Вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба муҳокимаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014“ шуруъ карданд. Масъалаи мазкур дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки имрӯз таҳти раёсати Амиршо Миралиев-муовини аввали раиси палатаи поёнии Парлумони мамлакат доир гардид, матраҳ шуд. Аъзои Шӯро ҳамзамон лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Дар бораи милитсия», «Дар бораи нақлиёт», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия», «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»-ро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон аъзои Шӯро Конвенсияи 144-и Созмони байналмилалии меҳнатро «Оид ба машваратҳои сеҷониба барои мусоидат ҷиҳати татбиқи меъёрҳои байналмилалии меҳнат», Дар бораи таъсис додани гуруҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи хатарҳои соҳаи кишоварзӣ», Дар бораи Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд», Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба Лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (марҳилаи 3) муҳокима намуданд.  Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони роҷеъ ба масъалаҳои мазкур ибрози назар намуданд. Зикр шуд, ки ҳадаф аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба лоиҳаи ин қонунҳо ҳифзи вазъи экологӣ, беҳтар намудани ҳолати роҳҳои мошингарди байнишаҳриву байниноҳиявии ҷумҳурӣ, берун баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва пешгирӣ аз эҳтимоли сар задани ҳолатҳое, ки ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ марбутанд, ба шумор меравад.

Октябрь 8, 2013 14:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ