Рамаҳоро дигар аз ҳудуди пойтахт убур намекунонанд

Октябрь 11, 2013 14:40

Душанбе, 11 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд аз ҳудуди пойтахт убури рамаҳо ба чарогоҳҳои мавсимӣ қатъиян манъ карда шуда, дар ин хусус ба унвонии идораю ниҳодҳои марбута аз ҷониби шаҳрдорӣ маълумотномаи расмӣ фиристонида мешавад. Ин матлаб зимни баргузории иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе зикр гардид.
      Дар иҷлосия Насрулло Хайруллоев- муовини аввали раиси     шаҳри Душанбе доир ба ҳолати риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи статуси пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки тибқи он дар ҳудуди пойтахт парвариш ва нигоҳдории чорвои калони шохдор, чорвои хурд, инчунин асп, хар, парранда ва  дигар ҳайвоноти хонагӣ, ба истиснои гурба, саг ва паррандаҳои хурди ғайриистеъмолӣ манъ аст, гузориш дод. Вакилони шаҳрӣ фаъолияти анҷомдодаи муовини аввали раиси шаҳр ва дигар ниҳодҳои марбутаи назоратии пойтахтро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуданд.
  Дар робита ба ин Маҳмадсаид Убайдуллоев-раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муовини аввалаш Насрулло Хайруллоев, раисони ноҳияҳо, роҳбарони сохторҳои масъули назорати давлатӣ бобати саҳлангорӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, то 1 январи соли 2014 муҳлат дод. Ҳамзамон барои ислоҳи вазъ ба сардухтурони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ З. Авғонов ва  Раёсати назорати давлатии байтории шаҳри Душанбе Б. Қармишев то 1 декабри соли 2013 муҳлат муқаррар гардид.

Октябрь 11, 2013 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш