Садамаи қатораи Тоҷикистон дар роҳи оҳани Ӯзбекистон

Октябрь 10, 2013 15:06

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар» Фарзона Ашӯрмадова).-Дар   садамаи  қатораи  роҳи  оҳани  «Душанбе-Конибодом-Душанбе»,  ки  субҳи  имрӯз,   10  октябр   дар  вилояти Ҷиззахи  Ӯзбекистон  ба  вуқуъ  пайваст, 33  нафар наваскар  ҷароҳати  сабук   бардоштааст.
Тавре ки  дар  ин  бора  аз   маркази  матбуотии  Вазорати  мудофиаи  Тоҷикистон  хабар  доданд, дар    қатора беш  аз  200  наваскарон ва  афсарони  қӯшунҳои  Тоҷикистон  буданд. 
Алҳол  ба  ҷабрдидагон кӯмаки  аввалин  расонида шудааст. Дар бораи  ҳалокшудагон  ягон  хабаре  нест. Вобаста  ба ин    комиссияи  махсус ташкил шуда,  сабабҳои  садама  муайян  карда  мешавад.
 

Октябрь 10, 2013 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш