Садамаи фоҷиабор

Октябрь 10, 2013 08:39

Душанбе, 10 октябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).-Суръати баланд, сабқати бемавриду риоя накардани қоидаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ ҳамеша фалокату нохушиеро дар пай дошта, метавонад боиси фоҷиа ва содир гардидани садамаҳои марговари нақлиётӣ гардад. Аз ҷумла, шаби гузашта дар хиёбони Рӯдакии пойтахт садамаи нақлиётие рух дод, ки бар асари он се нафар ба ҳалокат расида, се нафари дигар маҷруҳ гардиданд.  Ронандаи мошини тамғаи «BMW»  ҳангоми ҳаракат аз  кӯчаи Рӯдакӣ ба тарафи кӯчаи И. Сомонӣ дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ- Шоҳмансур, ба муқобили самти ҳаракат мебарояд, ки дар натиҷа ба  мошини тамғаи ВАЗ 21-014 , ки аз кӯчаи  Шотемур ба самти кӯчаи Шероз ҳаракат мекард, бармехӯрад.
Дар натиҷаи ин бархӯрд,  ронандаи мошини тамғаи ВАЗ 21-014 ва ду мусофири  дохили он бо бардоштани ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, се нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун мебардоранд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, гунаҳкорони садамаи марговар муайян карда мешаванд.
 
 
 

Октябрь 10, 2013 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш