Сафари тирандозони тоҷик ба Теҳрон

Октябрь 14, 2013 10:06

Душанбе, 14 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). —    Дастаи мунтахаби тирандозони Клуби ҷумҳуриявии варзишии тирандозони Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи ҶТ (ТҶММ)  ҷиҳати иштирок дар дар чемпионати Осиё оид ба тирандозӣ ба шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар намуданд. Ба ин даста 5 нафар варзишгари ҷавон ва мураббии онҳо Олег Набиев шомиланд. Барои омодагӣ ба ин чемпионат варзишгарони тоҷик дар клуби ҷумҳуриявии варзишии ТҶММ давраи пурраи тамринотро гузаштанд.  Ташкилот тасмим гирифтааст, минбаъд дастаи мунтахаби тирандозони Тоҷикистонро аз ҳисоби варзишгарони ҷавону умедбахш пурра намояд. Бо ин мақсад ТҶММ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Душанбе, Қӯрғонтеппа ва Хоруғ толорҳои варзишии тирандозӣ ва маҳфилҳои варзишии тирандозиро дар доираи «Барномаи давлатии тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва рушди намудҳои ҳарбӣ-амалии варзиш байни наврасон ва ҷавонони синни даъватӣ ва то даъватии ҶТ барои солҳои 2012-1015» фароҳам овардааст. 
Дар ин бора котиби матбуотии ТҶММ ҶТ Абдурақиб Қодиров  ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
 
 
 

Октябрь 14, 2013 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ