Семинар барои хизматчиёни давлатӣ
Турсунзода, 24 октябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Дар шаҳри Турсунзода давраи омӯзишӣ барои котибони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ идома дорад. Мавзӯи асосии давраи омӯзишӣ «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» буда, то 26 октябр давом мекунад.Дар назди шунавандагон Гурез Қосимов- муовини сардори раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гавҳар Шарофзода- ректори Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомидхон Нуриддинов-муовини ректор оид ба таълим ва дигарон сухан мегӯянд.Чунин курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ имкон медиҳанд, ки савияи дониши кормандони ҷамоатҳо ва мақомоти иҷроия баланд гардад ва онҳо дар хизмати халқу ватан ҳамаҷониба омода бошанд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






