Семинари омӯзишии ЮНЕСКО дар Душанбе

Октябрь 19, 2013 10:17

 
       Душанбе, 19 октябр. (АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО доир ба дастгирии сиёсати фарҳангии Ҳукумати кишвар ва натиҷагирӣ аз вохӯрӣ бо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова дар шаҳри Душанбе семинари омӯзиширо дар мавзӯи «Дастрасии донишҳои илмӣ тавассути технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ»  17-19 октябри соли ҷорӣ баргузор намуд.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи давлатии патентию техникии ҶТ иттилоъ доданд,  дар семинари омӯзишӣ мавзуъҳои рӯзмарра, аз қабили тарзи дурусти истифодаи ТИК дар тарғибу таблиғи китобу китобдорӣ, баланд бардоштани маърифати китобдорӣ дар самтҳои гуногуни ҳаёти имрӯза ва омода намудани коршиносони ватанӣ дар тартиб додани лоиҳаҳо барои солҳои 2014-2015 дар ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО баррасӣ гардиданд. 
    Семинар дар мавзӯи «Дастрасии донишҳои илмӣ тавассути ТИК» дар  маҷлисгоҳи «Гулистон-тур» баргузор гардид. Дар семинар 45 нафар коршиносу намояндагони вазорат ва идораҳои дахлдор, роҳбарони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии вобаста ба ТИК  ширкат варзиданд. 
 
 
 
 

Октябрь 19, 2013 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ