Созишномаи нави байни Тоҷикистону Афғонистон

Октябрь 17, 2013 11:21

Душанбе, 17 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Лутфия  Эшонқулова). – Чанде  пеш Палатаи  савдо  ва  саноати  вилояти  Суғд Ёддошти   ҳамкорӣ  бо Палатаи  савдо  ва  саноати  Афғонистонро   имзо  намуд. Ин  ҳуҷҷатро  роҳбари Палатаи  савдо  ва  саноати  вилояти  Суғд Мақсуд Зиёбоев  ва раиси Раёсати  равобити  байналмилалии  Палатаи  савдо  ва  саноати  Афғонистон  Абдулқодир Баҳман имзо  намуданд. 
 
Тавре  ки хадамоти  матбуоти раиси вилояти  Суғд   хабар  медиҳад, имзои  Ёддошт дар ҳошияи  мизи  мудаввари Форуми  сеюми  тиҷоратии Осиёи  Марказӣ  сурат  гирифт. Дар  кори  мизи  мудаввар   намояндагони  палатаҳои  савдо  ва  саноати  кишварҳои  аъзои   форуми  тоҷирон,  Агентии содироту  сармоягузорӣ,  намояндагиҳои тиҷоратӣ,  сафоратҳо,  аъзои  бахши  хусусии  мақомоти  давлатӣ  ва  созмонҳои  ҷаҳонӣ иштирок  доштанд. 
 
Дар  ҷараёни  гуфтушунид  бо  ҳамтоёни  афғон  масоили   ҷалби сармоя  дар  шимоли  Тоҷикистон,  доир  намудани   намоишгоҳу  форумҳо  ва  рӯи  кор  овардани  чорабиниҳои  дигар  бо  иштироки   соҳибкорони  ҳар  ду  кишвар  дар  вилояти  Суғд  мавриди  муҳокима  қарор  гирифтанд.

Октябрь 17, 2013 11:21

Хабарҳои дигари ин бахш