Тақвияти ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон
Душанбе, 23 октябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад). -Имрӯз бо ташаббуси Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон ва дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Китобхонаи миллии ҶТ конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Тақвият бахшидани ҳамкориҳои байналмиллалии мақомоти давлатӣ ва марказҳои таълимӣ дар самти муқовимат бо савдои одамон» баргузор гардид. Дар кори конфронс раис ва аъзои Комиссияи байниидоравӣ, сафирони ИМА, Ҷумҳурии Беларус дар Тоҷикистон, намояндагони сафоратҳои Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Туркия, Созмони байналмиллалии муҳоҷират, Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ташкилоти ЮСАИД, як силсила ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ширкат доштанд.
Дар ҳошияи конфронси мазкур таҷрибаи миллии ҶТ дар самти мубориза бо савдои одамон мавриди баррасии иштирокчиён қарор гирифта, ҳамзамон намояндагони давлатҳои иштирокчии конфронс доир ба нозукиҳои ин самти кор байни худ табодули таҷриба намуданд.
Зикр шуд, ки дар ВКД воҳиди махсуси мубориза бо хариду фурӯши одамон таъсис дода шуда, бо мақсади расонидани кӯмак ба қурбониёни чунин намуди ҷинояткорӣ марказҳои дастгирӣ ва кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ташкил шуданд.
Бо мақсади такмили қонунгузории амалкунанда дар доираи фаъолияти Комиссияи байниидоравии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон лоиҳаи қонунҳои ҶТ «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» таҳия гардид.
Зарурати қабули лоиҳаи қонунҳои мазкур дар он аст, ки аз рӯзи қабули қонуни амалкунандаи ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» 8 сол сипарӣ гашта, дар ин давра таҳдидҳои нав пайдо шудаанд ва шахсони ҷиноятпеша зимни содир гардидани ҷиноятҳо аз тарзу усулҳои муосир ба таври васеъ истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки Тоҷикистон аввалин шуда дар миқёси Осиёи Марказӣ 15 июли соли 2004 санади меъёрии махсус, яъне Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон»-ро қабул намудааст.
Баргузории конфронси имрӯза дар самти мубориза бо савдои одамон ва омода намудани мутахассисон барои фаъолият дар ин соҳа заминаи хуб гузошт.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






