Таҷлили мавлуди Гандӣ дар Бухорои Душанбе

Октябрь 4, 2013 16:06

Душанбе, 4 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Бо ибтикори Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе зодрӯзи ходими намоёни ҷамъиятию давлатӣ, яке аз шахсиятҳои барҷаста ва муборизи роҳи озодию истиқлоли Ҳиндустон Маҳатма Гандӣ (1869-1948) таҷлил гардид. Маросими 144 -умин солгарди мавлуди ин шахсияти бузурги таърихӣ дар боғчае, воқеъ дар кӯчаи Бухорои Душанбе, ки дар он нимпайкараи Махатма Гандӣ гузошта шудааст, бо ҳузури кормандони сафорат, донишмандону муҳаққиқоне, ки ба омӯзишу таҳқиқоти таъриху фарҳанги Ҳиндустон машғуланд, инчунин толибилмони макотиби пойтахт барпо шуд. Баъд аз маросими гулчанбаргузорӣ дар пояи нимпайкараи Маҳатма Гандӣ Аситҳ Бхаттачарҷӣ — Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва дигар иштирокдорони маросим доир ба ҳаёт ва фаъолияти давлатию ҷамъиятии Маҳатма Гандӣ ва нақши барҷастаи ин шахсияти таърихӣ дар роҳи мушарраф гардидан ба озодию истиқлолияти Ҳиндустон сухан карданд. Маҳатма Ганди 2 октябри соли 1869 дар шимоли Ҳиндустон дар волигарии Порбандар дар оилаи руҳонӣ ба дунё омадааст. Дар синни 19 барои гирифтани маълумоти ҳуқуқшиносӣ ба Лондон -пойтахти Британияи Кабир сафар менамояд. Дар соли 1891 ба Ҳиндустон бо диплом бармегардад. Баъд аз ду сол ба Африқои Ҷанубӣ рафта, дар яке аз ширкатҳои тиҷоратии ҳиндустонӣ ба ҳайси ҳуқуқшинос- машваратчӣ фаъолият менамояд. Баъди бозгашт ба ватан дар соли 1915 барои Маҳатма Гандӣ давраи нав оғоз мегардад, ки он ба сарнавишти минбаъдаи ин шахсияти таърихӣ дар роҳи озодихоҳӣ ва мубориза бо хушунатдар кишвараш рабт мегирад. Соли 1921 Маҳатма Ганди роҳбари Конгресси миллии Ҳиндустон мегардад.  Маҳатма Гандӣ 30 январи соли 1948 бар асари се тире, ки аз ҷониби террористе ба сӯяш холӣ карда шуд, дар 78 -солагӣ аз олам даргузашт.

Октябрь 4, 2013 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ