Таҷлили Рӯзи забони миллӣ дар Анқара

Октябрь 7, 2013 10:49

Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»,  Фарангиз  Раҳимова ). – Чанде  беш   дар Сафорати  Тоҷикистон  дар  Анқара   бахшида ба  Рӯзи   забони  миллӣ ҷамъомади  ботантана  баргузор  гардид,  ки дар  он  Сафири  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар  Туркия Фаррух  Шарифов,  ҳамоҳангсози  донишкадаҳои   Шалола  дар  Туркия  Аҳмад  Ипек  ва  донишҷӯёни Тоҷикистон, ки дар  донишкадаҳои  олии   Туркия  таҳсил  менамоянд,   ширкат  доштанд.
 
Фаррух  Шарифов   зимни  суханрониаш  мақоми  тақдирсози   забон  дар  шуурнокии  миллии   мардуми   кишварамонро  хотирнишон  сохт. Назар  ба  гуфтаи  сафир,   донистани  забони  миллӣ  аломати эҳтироми   миллат ва  арзишҳои   таърихию  фарҳангиро  дорад.  
 
Сафир  дар  бораи  имконияти   донистани  забон   сухан  карда,  зикр  намуд, ки  дар  давраи   рушду  густариши   муносибатҳои байни  миллату   фарҳангҳо  бояд   ин   забони  нобу  тавоно бештар  мавриди  истифода  қарор  дода   ва  он  барои   наслҳои оянда  боқӣ  гузошта шавад.

Октябрь 7, 2013 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш