Таҷлили Рӯзи забони тоҷикӣ дар Маскав
Душанбе, 7 октябр. (АМИТ «Ховар»).-Рӯзи 5 октябр дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон ва донишҷӯёни мактабҳои олии шаҳри Маскав Рӯзи забони давлатӣ ҷашн гирифта шуд. Маҷлисро масъули бахши фарҳангу маорифи сафорат Муҳаррами Қодирӣ кушода, аз номи Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия муҳтарам Абдулмаҷид Достиев ва даъватшудагон ҳамаи тоҷиконро бо ин рӯзи мубораку фархунда табрик гуфт. Дар чорабинӣ донишҷӯёни Академияи дипломатии назди Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия, Донишгоҳҳои давлатии муносибатҳои байналмилалии шаҳри Маскав, техникии алоқа ва информатика, пӯлод ва пӯлодгудозии шаҳри Маскав, тиббии номи И.М.Сеченов, молияи назди Президенти Федератсияи Русия ва меҳмонон, муовини декани факултаи байналмилалии Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Химки Лилит Арутюнова, донишҷӯёни амрикоӣ Эндрю Корубко ва Мария ширкат варзиданд. Гулбонуи Фазлиддин, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи муносибатҳои байналмилалии шаҳри Маскав, барандаи ҷаласа, суханро бо шеъри «Забони тоҷикӣ»-и Камол Насрулло оғоз намуд:
Эй забони тоҷикон, хуни равони тоҷикон,
Аз тамоми бенишониҳо нишони тоҷикон.
Ҳуҷҷати фирӯзии аслу ниёи тоҷикон,
Сарҳади пояндаи хоку ҳавои тоҷикон.
Баъд зимоми суханро Гулбону ба донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Химки Хуршед Муродӣ дод. Мавсуф бо сурудҳои ҷолиби худ дар васфи забони тоҷикӣ хотири ҳозиринро шод гардонид. Донишҷӯи соли дуюми ҳамин донишгоҳ Фарҳод Ҷонмаҳмадзода бо рақси зебои худ ҳозиринро ба ваҷд овард. Донишҷӯи соли сеюми Донишгоҳи техникии алоқа ва информатика Суҳроби Охун мақолаи дар бораи таърихи забони тоҷикӣ навиштаи худро қироат намуд.
Баромадкунандагон сухани олӣ аз бузургвории мардуми хеш заданд, ки намояндаи миллати соҳибзабони куҳананд. Дар сухани хеш иброз намуданд, ки мо порсигӯёни олам бо хиради волойи аз ниёгон меросмонда, бо сарбаландӣ ҳамроҳи мардуми олам арзи вуҷуд дорем. Ҳаким Фирдавсӣ тухми сухан пароганда, Саъдӣ ғазали ноб ва Ҳофиз сухан гуфтаанд, ки аз саодати ҳастии забони миллати тоҷикон шаҳодат медиҳанд.
Яке аз муаллифони «Қонун дар бораи забони тоҷикӣ» сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки барои миллати мо корҳои хеле барҷаста кардааст. Пеш аз ҳама, ў аз парешонӣ мардумро раҳонид, аз хатари нестӣ ҳифз намуда, вуҷуди хешро ба ҳастии миллат пайваст.
Муовини декани факултаи байналмилалии Донишгоҳи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Химки Лилит Арутюнова аз номи худ ҳамаи муаллимони тоҷикистониеро, ки чунин шогирдони қобил барояшон тайёр кардаанд, табрик гуфт.
Донишҷӯён Хуршеди Муродӣ ва
Нозанини Исҳоқӣ, ш. Москва








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






