Талабот ба қарзҳои хурд бештар гаштааст
Душанбе, 9 октябр. (АМИТ «Ховар», Л. Қосимова). – Мувофиқи маълумотҳои оморӣ бақияи умумии қарзҳо дар моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,5 фоиз зиёд мебошад. Таркиби бақияи қарзҳо аз 63,5 фоиз (4’370,4 млн. сомонӣ) қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 36,5 фоиз (2’514,1 млн. сомонӣ) қарзҳои дарозмуддат иборат мебошад.
Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ 23,98 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 22,63 фоизи солонаро ташкил доданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар доданд, чун моҳҳои пеш бинобар зиёд гардидани талабот, ҳаҷми қарзҳои хурд дар давраи ҳисоботӣ ба 3’ 035,9 млн. сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 987,0 млн. сомонӣ ё 48,2 фоиз афзуд. Аз ҷумла, 601,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти куҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 39,7 фоиз зиёд мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






