Тренинги мушовирони бахши содирот
Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар», Фарзона Достонзода ).- Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа дар ҳошияи барномаи минтақавӣ бори нахуст дар Тоҷикистон машғулияти мушовирони бахши содиротро доир менамояд. Тавре ки аз намояндагии Бонки аврупоии бозсозӣ ва тавсеа хабар доданд, дар ҳошияи тренинги «Воситаю усулҳои хидматрасонии консалтингӣ дар бахши содирот» 15 нафар мушовирон ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Барномаи тренинг иборат аз баррасии омодагӣ ба содироти амвол, муайян намудани бозорҳои савдо, таҳқиқи вазъи бозорҳо, дарёфти маблағ ва ғайра мебошад. Дар ҷараёни тренинг намояндагони ширкатҳои консалтингии Тоҷикистон барои тарҳрезии стратегияҳои бахши содирот ва расонидани кӯмак ба соҳибкороне, ки амволи худро манзури бозорҳои хориҷӣ менамоянд, малакаю донишҳои зарурӣ пайдо мекунанд. Мақсад аз тренинг тарҳрезии усули консалтингии содироти амвол мебошад.








9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд






