Вохӯрии гуруҳи мобилӣ дар маҳаллаи Шодӣ

Октябрь 22, 2013 10:30

Душанбе, 22 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Гуруҳи мобилии тарғиботии Ситоди интихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар ноҳияи Шоҳмансур бо сокинони маҳаллаи Шодӣ вохӯрданд.  Меҳрубон Мирзоева- шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон доир ба самтҳои асосии барномаи пешазинтихоботии номзад, хусусан аз дастовардҳои 7 соли охири кишвар дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа гузориш дод. Зикр шуд, ки Тоҷикистон имрӯз як давлати рӯ ба рушд аст. Ҳамзамон Комилҷон Шамшеров -муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни маърӯзаи худ баргузории интихобот ва пешбарии номзадҳоро бо барномаҳои гуногун барои рушди Тоҷикистон ва умуман шаффофияти маъракаҳои сиёсиро самараи сиёсати Президенти кишвар ва волоияти қонун арзёбӣ намуд. Раҳмонқул Шарифов -ректори Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлияи Вазорати адлияи кишвар дар назди сокинони маҳалла доир ба муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва риояи ҳатмии талаботи қонуни мазкур ибрози андеша намуд. Роҳбари гуруҳи ситоди ҳизбӣ дар участкаи интихоботии №15 Сафаргул Ҳасанова, ки ҳамзамон раисии Шӯрои маҳаллаи Шодиро ба уҳда дорад, аз сиёсати пешгирифтаи Президенти кишвар дар самти дастгирии ятимону бепарасторон ёдовар шуд.. Аз ҷониби мудири шуъбаи таблиғотии Кумитаи иҷроияи /КИ/ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Ҳамида Рӯзиева ба иштирокчиёни вохӯрӣ Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲҲДТдастрас шуд.Дар фарҷоми вохӯрӣ интихобкунандагон доир ба ҳалли камбудию мушкилоте, ки дар маҳаллаи Шодӣ вуҷуд доранд, пешниҳодҳо ироа сохтанд. Аз КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, ки чунин вохӯриҳо бо интихобкунандагон дар дигар маҳаллаҳои пойтахт гузаронида шуданд.

Октябрь 22, 2013 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ