Вохӯрии нозирони ИДМ бо номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон

Октябрь 29, 2013 14:48

Душанбе, 29 октябр. (АМИТ «Ховар»).- Нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо номзадҳо ба мансаби Президенти Тоҷикистон – Абдуҳалим Ғаффоров, Саидҷаъфар Исмонов ва роҳбарияти ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президент Исмоил Талбаков вохурданд. Ба фикри нозирон, давраи тарғиботӣ ором ва дар вазъияти демократӣ сурат мегирад. Намояндагони ҳайати нозирон аз як қатор марказҳое, ки дар онҳо роҳбарони комиссияҳои қитъавии интихоботӣ ба аъзои комиссияҳои қитъавӣ тартиби додани шаҳодатномаҳо, овоздиҳии пеш аз мӯҳлат, ташкили кор дар рӯзи овоздиҳӣ, тартиби ҷамъбаст намудани натоиҷи овоздиҳӣ ва тартиб додани протоколи ҷамъбастиро ёд медиҳанд, дидор намуданд.Нозирони ИДМ ҳангоми дидор аз комиссияҳои қитъавӣ кӯшиш менамуданд, ки ба аъзои комиссияҳо маслиҳатҳои муфид диҳанд. Онҳо барои рафъи нуқсонҳои марбут ба коргузорӣ, тайёр намудани утоқҳои овоздиҳӣ, беҳдошти воқиф намудан аз ҷараёни овоздиҳӣ фикру мулоҳизаҳои худро баён намуда, тавсияҳо доданд. Аъзои комиссияҳо фикру мулоҳизаҳои нозирони ИДМ – ро пазируфтанд.То 28 октябри соли 2013 ба ҳайати нозирон 152 нафар намояндагони Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Украина, Маҷмааи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Маҷлиси парлумонии Иттиҳоди Беларус ва Русия, ҳамчунин Кумитаи иҷроияи ИДМ дохил шудаанд. Ташаккули ҳайати нозирон идома дорад. Тавре ки аз Ситоди ҳайати нозирони ИДМ хабар доданд, Комиссияи марказӣ аз 4 октябри соли 2013 омӯзиши аъзои ҳамаи комиссияҳои интихоботиро роҳандозӣ менамояд.

Октябрь 29, 2013 14:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ