Як қадам то раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ

Октябрь 25, 2013 15:51

Душанбе, 25 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- «Имрӯз дар Тоҷикистон дар соҳаи нақлиёт 10 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ дар ҳаҷми зиёда аз 1,1 миллиард $ амрикоӣ ё 5,2 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст, мегӯяд Руҳуллоҳ Ҳакимов-муовини вазири молияи кишвар.   Бояд тазаккур дод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи се ҳадафи стратегӣ -ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.  Муовини вазири молия афзуд, ки танҳо дар давоми соли 2013 ба иқтисодиёти кишвар 1,6 миллиард сомонӣ маблағҳои грантию қарзӣ ҷалб гардидаанд, ки аз ин 950 миллион сомонӣ ё 60%- аш барои рушд ва таҷдиди роҳҳои мошингард равона шудааст. Аз ин 474 миллион сомонӣ маблағи қарзӣ ва 476 миллион сомонӣ маблағи грантӣ мебошад. 

Октябрь 25, 2013 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ