Зиддият байни ду сохтор бартараф гардид

Октябрь 18, 2013 14:01

               Душанбе, 18 октябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).- Минбаъд дар Тоҷикистон ҷиҳати ба қайдгирии давлатии воситаҳои нақлиёт сертификаткунонии воситаҳои нақлиёт аз байн бардошта шуда, танҳо дар як сол Бозрасии давлатии автомобилӣ /БДА/  санҷиши техникиро мегузаронад.  Дар робита ба ин вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» тағийрот ворид намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур аз сӯи Ҳукумати  кишвар ба Парлумон ҷиҳати қабул ироа гардидааст.
               Рустам Менглиев -вазири адлияи ҷумҳурӣ зимни ташреҳи лоиҳаи ин қонун гуфт, ки  тибқи талаботи моддаи 19-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» воситаҳои нақлиёт бояд сертификате дошта бошанд, ки он ба талаботи бехатарӣ, меъёрҳои тиббию -санитарӣ, ҳифзи меҳнат ва экология, стандартҳои байналмилалӣ, давлатӣ ва шартҳои техникӣ мувофиқ буда, бояд тибқи тартиби қонунӣ аз қайд гузашта бошанд. Ҳамзамон дар асоси моддаи мазкури лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»,  воситаҳои нақлиёт бояд ҳам сертификат дошта бошанд  ва ҳам аз муоинаи техникии  БДА гузаранд.  Аз ин рӯ афзуд, вазири адлия,  бо мақсади бартарафкунии ҳолати такроршавии санҷиши воситаҳои  нақлиёт сертификатсиякунонии воситаҳои нақлиёт аз байн гирифта мешавад. Яъне моддаи 19-и лоиҳаи қонуни мазкур такмил гардида, тибқи тағйирот танҳо муоинаи ҳатмии воситаҳои  нақлиёт  гузаронида мешавад.
            Рустам Менглиев ҳамзамон  гуфт, ки  қаблан соҳибони воситаҳои нақлиёт  бояд ду ҳуҷҷати гузаштан аз санҷиши техникӣ медоштанд. Яъне, ҳар сол ҳам БДА чунин санҷишҳо  мегузаронд ва  ҳам Корхонаи воҳиди давлатии  /КВД/ «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт». Ин  сохтор ҳар 6 моҳ чунин санҷишро ба хотири  додани сертификат мегузаронд. Ворид намудани тағийрот ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт» агар аз як сӯ ба соҳибони воситаҳои нақлиёт сабукиҳо орад,  аз дигар ҷониб ҷиҳати бартараф намудани зиддияти байни ду сохтор- БДА ва КВД «Маркази сертификатсиякунонии кор ва хизматрасониҳои соҳаи нақлиёт» мусоидат менамояд.

Октябрь 18, 2013 14:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
9 феврал дар якчанд идораю корхона нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд