Қадрдонӣ аз ғолибони озмуни 5- уми Аврупо ва Осиё

Ноябрь 29, 2013 16:47

Душанбе, 29 ноябр. (АМИТ «Ховар, Зарангези Латиф).-Имрӯз вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидов ғолибони озмуни 5-уми байналхалқии Аврупо ва Осиё аз фанни технологияи информатсионӣ ва коммуникатсиониро қадрдонӣ намуд. Ба ғолибони озмун дар ҳузури кормандони дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм, роҳбарони сохторҳои тобеи он, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ туҳфаҳои хотирмон супорида шуд. Ёдовар мешавем, ки рӯзҳои 23-25 ноябри соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон олимпиадаи 5-уми байналхалқии Аврупо ва Осиё баргузор гардид. Дар кори он беш аз 250 даста иштирок намуд. Дастаи аввали Тоҷикистон дар ҳайти Меҳрубон Тураев, Хайём Раҳмонов ва Фаррух Каримов сазовори ҷои аввал ва медали тилло ва дастаи дуюми ҷумҳурӣ – Акмал Сафаров, Дилшод Ғаффоров ва Ғафурова Зарнисо ҷои сеюм гардиданд.Аъзои дастаҳо хонандагони синфҳои 10 ва 11-и гимназия-интернати Тоҷикистону Россия «Ҳотам ва ПВ» мебошанд. Дар ин бора котиби матбуотии Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Маҳмудхон Шоев иттилоъ дод.

Ноябрь 29, 2013 16:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд