Қаноатмандӣ аз фаъолии ҷавонон
Душанбе, 13 ноябр. (АМИТ “Ховар”, Фарзона Ашӯрмадова).- Бо мақсади рушду густариши худшиносии миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи меҳанпрастӣ дар асоси банди 12-и Нақшаи фаъолияти Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон имрӯз дар Маркази фарҳангии ҷавонон «Ориёно» мулоқот бо донишҷўёну ҷавонон сурат гирифт.
Дар чорабинӣ раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ Қурбон Восеъ, Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Сумангул Тағоева, раиси Кумитаи занон ва оила, Абдураҳим Холиқов, раиси Кумитаи оид ба корҳои дин иштирок намуда, перомуни худшиносии миллӣ ва нақши ҷавонони соҳибандеша дар густариши бахшҳои мухталиф ибрози андеша намуданд.
Онҳо аз иштироки фаъоли ҷавонон дар интихоботи Президенти Тоҷикистон ва умуман дар бахшҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ карда, аз онҳо даъват ба амал оварданд, то дар масири худшиносии миллӣ қадамҳои устувор ниҳанд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






