Қатъи роҳи навбатии интиқоли маводи нашъадор

Ноябрь 6, 2013 14:47

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди ҷумҳуриро, ки мехост маводи нашъадорро дар ҳаҷми ниҳоят калон бо роҳи қочоқ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои ИДМ интиқол диҳад, дастгир карданд.
Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти махсус дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо гумонбарӣ дар қочоқи маводи нашъадор мошини тамғаи «Toyota Corolla», ки таҳти идораи сокини 39-солаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон боздошт  шуд. Дар вақти азназаргузаронии автомобил, дар ҳузури шахсони холис аз боғоҷи он 22 адад баста, ки  ранги ҷигарӣ бо бӯи махсус дошт, ошкор ва мусодира гардид. Бастаҳо бо навиштаҷоти арабӣ ороиш ва номгузорӣ шуда буданд. 
Ташхиси криминалистӣ нишон дод, ки маводи мусодирашуда ҳашиш буда, вазни умумиаш 22 кило мебошад. Ҳамзамон муайян карда шуд, ки дастгиршуда барои содир намудани ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор  соли 2007 суд шуда, барои ҷинояти содиркардааш чанд сол дар маҳбас буд. 
Дастгиршуда ба тавқифгоҳи нигоҳдошти муваққатии АНМН ворид карда шуд. Мутобиқи Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор  ба дастгиршуда ба муҳлати аз 12 то 20 сол маҳрум шудан аз озодӣ пешбинӣ шудааст.
Дар айни замон гуруҳи тафтишотию фаврии  агентӣ ҷиҳати ошкор ва дастгир кардани дигар ҳаммаслакони ҷинояткори мазкур тадбирҳои мушаххас андешида истодаанд.
 

Ноябрь 6, 2013 14:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ