Қуттиҳои сайёр барои интихобкунандагони бемор

Ноябрь 6, 2013 14:31

Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лайло Қосимова). -Субҳи имрӯз, 6 ноябр маъракаи овоздиҳии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар участкаҳои интихоботӣ оғоз ёфт. Дар ин маъракаи муҳим ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 нафар номзад рақобат мекунанд. 
Аз  соати 6:00 дар ҳавзаи интихоботии Сино №4, участкаи  №25, воқеъ  дар бинои ШСХК «Барқи тоҷик» овоздиҳии муташаккилона оғоз ёфтааст. 
Тавре ки котиби комиссияи интихоботии участкаи мазкур Нозирҷон Ёдгорӣ ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар участкаи №25 ҳамагӣ 1561 нафар интихобкунандагон ба қайд гирифта шуда, то соати 12:00 аллакай  707  интихобкунанда барои номзад ба мансаби Президенти ҶТ овоз доданд.  25 нафар интихобкунандагони участка  аввалин маротиба дар интихобот иштирок мекунанд ва ба ин шахсон тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда мешавад. 
Нозирҷон Ёдгорӣ гуфт, ки 22 нафар интихобкунандагон аз сабаби беморӣ ва ё дигар сабабҳои узрнок дар интихобот иштирок карда наметавонанд ва барои чунин шахсон қуттиҳои сайёр омода шудаанд, ки пас аз соати 12:00 аъзои участкаҳо бо ин қуттиҳо ба хонаи онҳо рафта, овози онҳоро ҷамъ хоҳанд кард. 
Дар ин участка 91 нафар интихобкунандагони синнашон аз 70 боло ва 75 нафар русзабонон ба қайд гирифта шудаанд. 
Гуруҳи калони нозирон аз САҲА, Ҷумҳурии Мардумии Чин, Шӯрои Федератсияи Русия омада, ҷараёни интихоботро назорат доранд.  Ба қавли нозирон то ин соат ягон камбудӣ дар ин участка ба қайд гирифта нашудааст.  Ширкати «Барқи тоҷик» барои дар сатҳи баланд гузаронидани ин маъракаи муҳим тамоми шароитро фароҳам овардааст. Аз ҷумла, участка бо тамоми техника ва маводи лозимӣ таъмин мебошад. 
Нозирҷон Ёдгорӣ зикр намуд, ки шумораи овоздиҳандагон ҳар ду соат ҷамъ карда мешавад ва овоздиҳӣ то соати 20:00 идома хоҳад ёфт. 
 
 

Ноябрь 6, 2013 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ