Ҳафтаи синамои Чин

Ноябрь 25, 2013 16:20

Душанбе, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Руқияи Боймамад).- Шуруъ аз 23 –юми ноябри соли ҷорӣ дар маркази «Вафо»-и пойтахт «Рӯзҳои синамои Чин» баргузор мегарданд. Таъсисдиҳандагони ин чорабинӣ, Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази таълимии Конфутсийи назди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ва ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон- Хитой» мебошанд. Таъсисдиҳандагон тасмим гирифтаанд, ки 6 филми беҳтаринро ба намоиш гузоранд. Дар доираи ин чорабинӣ филмҳои «Биҳишт дар назди баҳр», «Каратэи бачагона», «Цзин ҷой», «Хуа лик», ки аз фарҳанги волои мардуми Чин нақл мекунанд, ба тамошобинон пешкаш мешаванд.Бояд гуфт намоиши филмҳо то 26 ноябр давом мекунад. Вуруд ройгон аст .

Ноябрь 25, 2013 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд