Ҳамоиши вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё дар Баҳрайн
Душанбе, 26 ноябр (АМИТ «Ховар»).- Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов дар ҳамоиши дувоздаҳуми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё (МҲО), ки дар таърихи 24-25 ноябри соли 2013 дар пойтахти Подшоҳии Баҳрайн шаҳри Манома баргузор гашт, ширкат варзид. Дар ҳамоиши мазкур роҳбари ҳайати Тоҷикистон бо гузориш дар бораи иқдомоти кишвар дар давраи раёсати он дар Муколамаи ҳамкории Осиё баромад карда, диққати ҳозиринро ба пешниҳодҳои Тоҷикистон доир ба таъсиси шабакаҳои ҳамоҳангсозии кишварҳои аъзои МҲО дар масъалаҳои офатҳои табиӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи об байни кишварҳои МҲО ва рушди саёҳат дар минтақаи Осиё ҷалб намуд. Маврид ба зикр аст, ки пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кишварҳои узви МҲО мавриди дастгирӣ қарор гирифта, он дар эъломияи Манома, ки дар фарҷоми ҳамоиши дувоздаҳуми вазирони корҳои хориҷии МҲО қабул гардид, дарҷ ёфт. Дар ҳошияи иштирок дар ҳамоиши дувоздаҳуми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои МҲО вохӯрии роҳбари ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидов бо муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам Нгуйен Фуонг баргузор гардид. Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории сиёсӣ ва иқтисодии тарафайн матраҳ гардида, ҷонибҳо зарурати андешидани тадбирҳои мушаххасро ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд. Ҳамчунин ҳайати Тоҷикистон масьалаи вусъат бахшидани ҳамкориҳоро дар ҳсозмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ бо намояндагони Муғулистон, Уммон, Малайзия ва Баҳрайн мавриди муҳокима карор дод.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






