Ҳавошиносон: «Фардо ҳаво гарму бебориш аст»

Ноябрь 15, 2013 14:57

              Душанбе, 15 ноябр.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидова).-Ҳавошиносони кишвар иттилоъ медиҳанд, ки 16 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои беборишу гарм боқӣ монда, ҳарорати ҳаво  рӯзона дар Душанбе 15-20 ва шабона 1-2 дараҷа гарм мешавад.  Бебориш  ва гарм пешгӯӣ кардани ҳавои рӯзи 16 ноябр аз сӯи ҳавошиносони ҷумҳурӣ дар ҳолест,  ки фардо дар Душанбе- пойтахти Тоҷикистон маросими савгандёдкунии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, ҳамзамон ба ифтихори ба фаъолият шуруъ кардани Президенти кишвар дар майдони  марказии Душанбе -«Дӯстӣ» гузашти низомӣ баргузор мегардад.
          Ҳамзамон 16 ноябр ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 13-18 дараҷа гарм, вилояти Хатлон шабона 0-5 дараҷа гарм, рӯзона 18-23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои тобеи марказ шабона аз 1 дараҷа сард то 4 дараҷа гарм, рӯзона 15-20 дараҷа гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво  дар ғарби Вилояти Мухтори  Куҳистони Бадахшон шабона 1-6 дараҷа сард, рӯзона  8-13 дараҷа гарм, дар шарқи ҳамин вилоят шабона 13-18 дараҷа хунук, рӯзона 0-5 дараҷа сард мешавад. 
           Парвина Саидҷамолова-мудири шуъбаи пешгӯии боду ҳавои Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки  рӯзҳои 19-20 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво паст мефарояд ва дар баъзе минтақаҳои кишварамон борон меборад. Дар водиҳои вилояти Суғд борон ба барфи тар мубаддал мегардад.  Рӯзҳои 21 -22 ноябр дар ҷумҳурӣ ҳаво бебориш боқӣ мемонад.

Ноябрь 15, 2013 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд