Ҳимматбаландиҳои соҳибкор

Ноябрь 25, 2013 14:03

Шаҳринав, 25 ноябр. (АМИТ «Ховар», Ҳотам Рабиев).- Соҳибкори баландҳиммат Ҷӯрабек Сафаров 150 нафар хонандагони мактаб-интернати шаҳраки Шаҳринав ва мактаббачагон аз оилаҳои ниёзмандро аз мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1,3 ва 45-ро бо либоси гарми зимистона таъмин намуд. Ин кори хайру савобро ӯ чандин сол боз идома медиҳад. Ин соҳибкори саховатманд мақсад дорад, ки рӯзҳои наздик ба сохтмони як мактаби нави замонавӣ шуруъ намояд. Хушбахтона, анъанаи неки шодравон Ҳоҷӣ Шариф Сафарзодаро фарзанди ӯ Ҷӯрабек Сафаров бомуваффақият идома медиҳад. Мавриди зикр аст, ки бо кӯмаки ин марди нексиришт чанде қабл дар маркази шаҳраки Шаҳринав як толори варзишии замонавӣ низ мавриди истифода қарор гирифт.

Ноябрь 25, 2013 14:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд