Ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷираи кишварҳои ИДМ
Душанбе, 18 ноябр. (АМИТ «Ховар», Лутфия Эшонқулова).- Дар шаҳри Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ баргузор гардид. Мувофиқи хабари дафтари матбуоти Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ, дар ҷаласа ҳайати кишвари моро муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати ҶТ Саидғуфрон Абдулло ба ӯҳда дошт. Назар ба иттилои манбаъ, иштирокдорони ҷаласа масоили марбут ба инъикоси мавзӯи муҳоҷират, ташаккули бозори умумии меҳнат ва таъсири он ба танзими равандҳои муҳоҷират дар кишварҳои ИДМ дар васоити ахбори оммаро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҳамчунин масъалаи ҳамкорӣ бо ҷамоаҳои миллӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ дар амри дастгирии шаҳрвандоне, ки дар қаламрави давлатҳои дигар иқомат доранд, баррасӣ шуд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






