Ҷаласаи якҷояи ММ МН МО ҶТ кори худро оғоз кард

Ноябрь 16, 2013 09:51

           Душанбе, 16 ноябр.(АМИТ«Ховар», Марзия Саидова).-Имрӯз, 16 ноябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев — ҷаласаи  шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.Дар кори ҷаласаи муштараки палатаҳои Парлумони мамлакат дар радифи аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон инчунин аъзои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд. Баъд аз интихоби ҳайати котибот, рӯзномаи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси  миллӣ ва Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ тасдиқ гардид, ки аз як масъала — савганд ёд кардани Прзеиденти тозаинтихобшудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат буд. Ҳамзамон дар ҷаласа Мамадшо Илолов-раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ доир ба тартиби  инъикоси  ҷараёни баргузории  ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон тавассути васоити ахбори омма гузориш дод. Зикр гардид, ки ҷараёни баргузории ҷаласаи шашуми муштараки палатаҳои Парлумони мамлакат  тавассути  радио ва шабакаҳои телевизонҳои давлатӣ ба таври мустақим пахш гардида, инчунин дар нашрияи парлумонии «Садои мардум» ба таври муфассал чоп мегардад. Ҳамзамон маводҳои хабарӣ тавассути АМИТ «Ховар» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва ноҳиявӣ мунташир мегарданд.
          Бояд тазаккур дод, ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон кори худро дар соати 10:00 дар Кохи  «Сомон»-и бӯстонсарои шаҳрии  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома медиҳад. Ин лаҳзаҳо аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба сӯи Кохи «Сомон» раҳсипор гардиданд.

Ноябрь 16, 2013 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад