Ҷараёни баргузории интихобот дар Рязан

Ноябрь 6, 2013 16:42

      Душанбе, 6 ноябр. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз,  6  ноябри  соли  2013  дар шаҳри  Рязани  Федератсияи  Россия  интихоботи Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бо  шукӯҳу  шаҳомати  хосса  доир  гардид.
 
       Субҳи  барвақт  соати 06:00  (бо  вакти  маҳаллӣ)  дарҳои  участкаи  интихоботии  №44  оид  ба  Интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  боз  гардид.
 
       Аъзои  комиссияи  интихобот овозҳои худро  ба  сандуқи  рай андохтанд.
 
      Сипас,  ҷараёни  баргузории  интихобот  шурӯъ  гардида,  аз  гӯшаву  канори  вилояти  Рязан,  тоҷикони  муқимӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ — шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ҷихати  додани  овози  худ ба  номзади  арзанда,  ташриф  оварданд. Ҳамчунин  мухассилини  донишкадаи ҳарбии ш. Рязан низ иштирок намуда, овози  худро  доданд.
 
     Бояд  қайд  намуд, ки  токунун зиёда 2915  нафар  шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  дар ин  маъракаи  сиёсӣ — интихоботи  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба  таври дастаҷамъона  ширкат  варзида, номзади арзандаи худро интихоб намуданд. 
 
 Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи робита бо ҷомеаи ХМ иттилоъ доданд.

Ноябрь 6, 2013 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ