Ҷашни Ташкилоти ҷамъияти мададгори мудофиа

Ноябрь 15, 2013 09:20

Душанбе, 15 ноябр. (АМИТ«Ховар», Лайло Қосимова). -Ба муносибати 22 солагии Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори кумита ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки намояндагони Ҳукумати ҷумҳурӣ, Шӯрои амнияти кишвар ва вазорату кумитаҳо, инчунин Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнат баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси кумита генерали гвардия Музаффар Гулмадов роҷеъ ба таърихи 22- соли мавҷудияти ташкилот маърӯза намуда, аз ҷумла, таъкид намуд, ки замони истиқлол ТҶММ бо симои нав зуҳур намуда собитқадамона марҳилаҳои рушди худро сипарӣ карда, ба созмони тавоно  табдил ёфт. 
Дар ин рӯз ба кормандони фаъоли соҳа ифтихорнома, мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишнок супурда шуд. 
Тавре ки котиби матбуоти кумита Абдурақиб Қодиров хабар дод, дар хотима аз ҷониби ҳунармандон барномаи консертӣ намоиш дода шуд.   

Ноябрь 15, 2013 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд