«Ҷавонон пешсафанд»-иқдоми Ҳафтаи Аврупо- 2013
Душанбе, 12 ноябр.(АМИТ «Ховар»,Фарзона Достонзода).- Аз 16 то 24-уми ноябр дар шаҳри Душанбе Ҳафтаи Аврупо баргузор мегардад ва 20-уми ноябр бархе аз барномаҳои ин чорабинӣ дар шаҳри Ҳисор доир хоҳанд шуд. Бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, Ҳафтаи Аврупо яке аз намоёнтарин рӯйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони маҳаллӣ гаштааст. Бо барномаҳои ҷолибу рангоранг ин иқдоми пешгирифта равобити ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро боз ҳам қавитар гардонида, ҳамагонро аз густариши ҳамкориҳои минбаъда ошно месозад. Инчунин чорабинии мазкур барои паҳн сохтани арзишҳо ва гуногунрангии фарҳанги Аврупо берун аз ҳудуди он хизмат мекунад.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, имсол дар ҳамкорӣ бо Фонди Ҷамъияти Кушода, Донишкадаи Гётеи Тошканд ва ширкати IDEA, Маркази фарҳангии «Бохтар» барномаи ҷолиби фарҳангиро зери унвони «Ҷавонон пешсафанд», ки ба рушди ҷамъият, санъат, ҷанбаҳои маориф ва фарҳанги Аврупо бахшида шудааст, пешкаш менамояд.
Барномаи чорабинии имсола ҳама ҷанбаҳои санъатро дар бар гирифтааст, ки дар он барномаҳои мусиқӣ, намоиши театрӣ ва санъати тасвирӣ шомиланд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд






