Ҷилавгирии зӯроварӣ дар оила

Ноябрь 4, 2013 16:21

Душанбе, 4 ноябр. (АМИТ «Ховар», Екатерина  Пасторова).- Дар   шаҳри  Душанбе  маросими  муаррифии  Барномаи  давлатӣ оид ба  ҷилавгирии  зӯроварӣ  дар  оила  барои   солҳои   2014 – 2023  баргузор  гардид. 
 
Мувофиқи  маълумоти Кумитаи   кор  бо  занон ва  оилаи   назди Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  сарфи назар  аз  тадбирҳои  Ҳукумати  Тоҷикистон ҳодисаҳои  зӯроварӣ  дар  оила то  ҳол мушоҳида  мешаванд. Алҳол  дар миқёси  кишвар  105  маркази иттилоотию  машваратӣ  фаъолият  дошта,   дар  онҳо  равоншиносону ҳуқуқшиносон ба  зарардидагони   зӯроварӣ  дар  оила  ёрӣ  мерасонанд. 
 
Аксаран  қурбониёни  зӯроварӣ  дар  оила  ба  худкушӣ  даст  мезананд. Мувофиқи  маълумоти  расмӣ  дар   нимаи  аввали  соли  ҷорӣ  дар  Тоҷикистон 313  ҳодисаи  худкушӣ  ба  қайд  гирифта шудааст,  ки 164 — тои он  ба  занон  ва 35 – тоаш  ба  наврасон рост  меояд. 
 
Барномаи  нав  танзими   санадҳои  меъёрию  ҳуқуқӣ ва  роҳандозии чорабиниҳои   дорои  ҷилавгирӣ  ба  манзури  аз  байн  бурдани  чунин  ҳодисаҳо,  ҳамчунин  танзими  фаъолияти  мақомоти  давлатиро дар  назар  дорад.

Ноябрь 4, 2013 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ